E-Visa-и Тоҷикистон дар панҷгонаи беҳтарин низоми электронии раводиди ҷаҳон

Дар Тоҷикистон низоми мусоиди воридшавӣ ва будубоши сайёҳон амал карда, дар ин самт ислоҳоти муҳим гузаронида шудааст. Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, низоми электронии дастрас намудани раводид ҷорӣ гардида, аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии «e-Visa» ба кор даромад. Низоми раводиди электронии «e-Visa» ба шаҳрвандони […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Тоҷикистон низоми мусоиди воридшавӣ ва будубоши сайёҳон амал карда, дар ин самт ислоҳоти муҳим гузаронида шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, низоми электронии дастрас намудани раводид ҷорӣ гардида, аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии «e-Visa» ба кор даромад.

Низоми раводиди электронии «e-Visa» ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла сайёҳон иҷозат медиҳад, ки аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба даст оранд.

Муҳлати эътибори раводиди электронӣ 90 рӯз буда, дорандаи он метавонад, пас аз ворид шудан, 45 рӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ будубош намояд. Ҳамзамон сайёҳони хориҷӣ то 45 рӯз аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошанд.

 Дар баробари ин, бо зиёда аз 80 давлати дунё низоми соддаи раводид ҷорӣ гардида, шумораи давлатҳо боз ҳам афзоиш меёбад. Инчунин бо 11 давлат низоми бераводид амал мекунад.

Хоҳишмандон раводиди худро тавассути почтаи электронӣ ва бо пардохт тариқи онлайн аз корти кредитӣ, тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи байналмилалӣ ба даст меоранд.

Ин омилҳо барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиби диққат буда, ҷиҳати интихоб намудани Тоҷикистон барои сайру саёҳат мусоидат мекунанд. Низоми соддаи раводид ё раводиди электронӣ, ташриф наовардан ба муассисаҳои консулӣ, будубоши беқайд дар мақомоти дохилӣ имкон фароҳам меорад, ки сайёҳ диққати худро танҳо ба саёҳат сафарбар намояд.

Бояд тазаккур дод, ки низоми мазкур ниҳоят пешқадам буда, дар минтақа авввалин шуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми электронии раводиди Тоҷикистон ба панҷгонаи беҳтарин дар арсаи байналмилалӣ ворид шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.