Сокини Истаравшан тифли навзоди худро куштанӣ шуд

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қасди куштани тифли навзоди худ зани 21-солаи сокини шаҳри Истаравшанро боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи  21 феврал ҷавонзан дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш кӯдаки ҷинсаш мардро таваллуд кардааст. «Бо мақсади аз мардум пинҳон доштани таваллуд кардани худ, ки аз вақти барпо намудани оиладориаш […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қасди куштани тифли навзоди худ зани 21-солаи сокини шаҳри Истаравшанро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи  21 феврал ҷавонзан дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш кӯдаки ҷинсаш мардро таваллуд кардааст.

«Бо мақсади аз мардум пинҳон доштани таваллуд кардани худ, ки аз вақти барпо намудани оиладориаш ҳамагӣ 4 моҳ гузаштааст, ӯ кӯдаки навзоди худро бо қасди куштан ба дохили ҳоҷатхона партофтааст», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, овози гиряи кӯдакро аҳли хонаводааш шунида, кӯдакро аз марг наҷот медиҳанд ва оид ба ин ҳодиса ба кормандони милитсия хабар додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел тибқи талаботи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.