БОР боз ба маблағгузории Тоҷикистон оғоз мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) ба маблағгузории 100-фоизаи Тоҷикистон танҳо бар асоси грантҳо бармегардад. Сабаби бо грантҳо ба маблағгузорӣ гузаштан сарбории қарзи ҷумҳурӣ унвон мешавад. «Давоми соли 2018 БОР ба Тоҷикистон ҷудо кардани ҳудуди 150 млн. долларро дар нақша дорад», – хабар дод намояндаи домии Бонк дар ҷумҳурӣ Прадип Сривастава рӯзи 28 феврал зимни вохӯрӣ бо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) ба маблағгузории 100-фоизаи Тоҷикистон танҳо бар асоси грантҳо бармегардад. Сабаби бо грантҳо ба маблағгузорӣ гузаштан сарбории қарзи ҷумҳурӣ унвон мешавад.

«Давоми соли 2018 БОР ба Тоҷикистон ҷудо кардани ҳудуди 150 млн. долларро дар нақша дорад», – хабар дод намояндаи домии Бонк дар ҷумҳурӣ Прадип Сривастава рӯзи 28 феврал зимни вохӯрӣ бо журналистон дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки илова бар ин маблағ, боз барои коҳиши хатарҳои оқибати офатҳои табиӣ 10 млн. доллари дигар ҷудо мешавад.

Намояндаи Бонк таъкид дошт, ки имсол маблағгузории Тоҷикистон аз ин ниҳоди молӣ эҳтимол танҳо бар асоси грант сурат гирад.

Ба гуфтаи Прадип Сривастава, Хазинаи байнулмилалии асъор ҳамроҳ бо Бонки ҷаҳонӣ сатҳи устуворӣ ба қарзи ин ё он кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистонро низ арзёбӣ мекунанд.

«Маълумоти охир нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба гумони ғолиб қарз нагирифта, ба маблағгузорӣ танҳо бар асоси грант ҳуқуқ дорад. Алҳол ин танҳо як интизорӣ аст. Ҳафтаҳои оянда дар ин хусус маълумоти расмӣ мегирем», – иброз дошт ӯ.

Намояндаи доимии БОР шарҳ дод, ки уҳдадориҳои қарзии Тоҷикистон ноустувор буда, эҳтимол дараҷаи арзёбии кишвар тағйир меёбад.

Ӯ розӣ аст, ки ба сатҳи устуворӣ ба қарзи Тоҷикистон ҷалби сармоягузорӣ аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок дар Аврупо таъсири назаррас расонд, лекин коршиносони ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ «натанҳо ин омилро ба инобат гирифтаанд».

Дар робита ба ҷалби 500 млн. доллар аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ дар Аврупо, Сривастава изҳор намуд, ки «барои кишвари иқтисоди 8 млрд. долларӣ (ММД Тоҷикистон – қариб 8 млрд. доллар) ин қарзи хеле зиёд буда, бо фоизҳои баланд – 7,1 фоиз дода шудааст, яъне танҳо аз рӯи фоиз ҳар сол 35 млн. доллар пардохта мешавад».

Ёдрас мекунем, ки давоми солҳои 2015-2017 Тоҷикистон аз БОР тавассути шакли 50/50, яъне 50% – қарз ва 50% – грантҳо маблағгузорӣ мешуд. Аз соли 2008 то соли 2015 Тоҷикистон аз БОР танҳо кумаки бебозгашт мегирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.