Қатъи пешазмуҳлати ваколатҳои се вакили маҷлиси пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи санаи 15 март даъват кардани иҷлосияи 14-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба рӯзномаи иҷлосия масъалаи дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои се вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ворид шудааст, ки […]

Наим Халимов

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи санаи 15 март даъват кардани иҷлосияи 14-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба рӯзномаи иҷлосия масъалаи дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои се вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ворид шудааст, ки инҳо Шахноз Раҳматова, Субҳон Сафиаллоев и Шоҳ Давлатов мебошанд.

Шахноз Раҳматова бинобар сабаби таъин шуданаш ба вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, Шоҳ Давлатов бо сабаби ба иқомати доимӣ ба хориҷи кишвар рафтан ва Субҳон Сафиаллоев бо сабаби содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ваколатҳои худро қатъ мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» қаблан роҳбари ташкилоти Ҳизби коммунист дар пойтахт хабар дода буд, Субҳон Сафиаллоев дар қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ӯ дар Агентии зиддифасод бозпурсӣ шудааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар.

Ғайр аз ин, дар иҷлосияи рӯзи 15 март масъалаи марбут ба табдили номи навбатии кӯчаҳои шаҳр низ баррасӣ мешавад. Иваз шудани номи маҳз кадом кӯчаҳо танҳо баъди иҷлосия маълум мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.