Иштироки нахусти намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпӣ

Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи паралимӣ варзишгар Сиёвуш Илёсов намояндагӣ карда, дар намуди лижаронӣ (кросс) қувва месанҷад. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дастаи Тоҷикистон иборат аз 5 нафар ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ба Корея сафар кард. Гуфта мешавад, Сиёвуш Илёсов барои ба даст овардани роҳхат дар Ҷумҳурии Омон ба машғулиятҳои тамринӣ фаро […]

Asia-Plus

Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи паралимӣ варзишгар Сиёвуш Илёсов намояндагӣ карда, дар намуди лижаронӣ (кросс) қувва месанҷад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дастаи Тоҷикистон иборат аз 5 нафар ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ба Корея сафар кард.

Гуфта мешавад, Сиёвуш Илёсов барои ба даст овардани роҳхат дар Ҷумҳурии Омон ба машғулиятҳои тамринӣ фаро гирифта шуда, аз 17 то 20 феврал дар ҳамон ҷо дар мусобиқаи интихобӣ иштирок кард. Ӯ, инчунин аз 20 феврал то 4 март дар Ҷоми ҷаҳон оид ба лижаронӣ ширкат намуда, бо 392 хол соҳиби роҳхат ба Бозиҳои паралимпӣ гардид.

Сиёвушро дар ин сафар мураббияш Илҳомиддин Абдуллоев, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев, роҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов ҳамроҳӣ менамоянд.

Қайд мешавад, ки ки Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” барои тамрини варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони имконияташон маҳдуд, тамоми шароитро муҳайё кард ва барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа, Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок мекунад.

Дастаҳои Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Гурҷистон низ дар таърих аввалин маротиба иштирокчии бозиҳо мегарданд.

Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ аз 9 то 18 март дар шаҳри Пйонгчанги Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад. Барои иштирок дар бозиҳо 570 варзишгар аз 49 кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Ба 3 дастаи калонтарин ИМА (68 варзишгар), Канада (52 варзишгар) ва Ҷопон (38 варзишгар) дохиланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.