Автобуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон вайрон шуд

Date:

Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар доштанд, вайрон шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории CA-NEWS.

Дар Департаменти корҳои дохилии вилоят ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки дар автобуси самти Екатеринбург – Тараз муҳаррикаш (двигатель) аз кор мондааст.

«Маълум шуд, ки муҳаррики автобус шикастаааст. Дар автобус 44 мусофир, аз ҷумла 8 нафар занон ва 5 нафар ноболиғон ҳузур дошта, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ва ду нафар ронанда шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд», – гуфтаанд дар мақомот пулис.

Зимнан зикр мегардад, ки кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, хадамоти наҷотбахшӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз ин ҳодиса огоҳ карда шудаанд. Масъалаи ба ҷойи дигар бурдани мусофирон ва ба таъмир супурдани воситаи нақлиёт мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...