Дарёфти ҷасадҳои соҳибкори тоҷик ва ҳамсару фарзандонаш дар меҳмонхонаи Мадина

Date:

Ҷасадҳои соҳибкори ҷавони тоҷик Бахтиёр Додохонов ва ҳамсару ду фарзанди худсолаш дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ дарёфт шуданд.

Соҳибкор фарзанди собиқ роҳбари нашриёти «Шарқи озод» Манзурхон Додохонов мебошад.

Пайвандони соҳибкор хабари марги Бахтиёр Додохонов, ҳамсари ӯ ва ду писарашро, ки 10 ва 12-сола буданд, ба «Азия-Плюс» тасдиқ намуданд.

Оилаи Бахтиёр барои адои маросими ҳаҷи умра ба шаҳри Мадина рафта буданд. Ду рӯз пеш дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳр ҷасадҳои аҳли оиларо пайдо карданд.

Мутобиқи қоидаҳои шариати исломӣ, ҷасадҳои онҳо дар ҳамин шаҳр гӯронида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз аз дирӯз одамон баҳри изҳори ҳамдардӣ ба хонаи Бахтиёр Додохонов меоянд.

Тибқи баъзе маълумот, онҳо аз заҳролудшавӣ фавтиданд.

Аз ҷониби мақомоти дахлдор оид ба ин ҳодиса алҳол маълумоти расмӣ дода нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...