Тақсими миллионҳои Ӯзбекистон дар «Амонатбонк» ва «Бонки Эсхата»

Ба тоҷирони тоҷик баҳри маблағгузории интиқоли молу маҳслуоти Ӯзбекистон ба бозорҳои Тоҷикистон аз БДА «Амонатбонк» ва «Бонки Эсхата» қарз дода мешавад. Ин бонкҳо бо Бонки миллии Ӯзбекистон (Узнацбанк) ва бонки «Асака»-и ин кишвар дар бораи ҳамкорӣ созишномаҳо ба имзо расонида, дар онҳо ба маблағи умумии 2 млн. доллар кушодани аввалин хатҳои қарзӣ пешбинӣ мешавад. Созишнома […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба тоҷирони тоҷик баҳри маблағгузории интиқоли молу маҳслуоти Ӯзбекистон ба бозорҳои Тоҷикистон аз БДА «Амонатбонк» ва «Бонки Эсхата» қарз дода мешавад.

Ин бонкҳо бо Бонки миллии Ӯзбекистон (Узнацбанк) ва бонки «Асака»-и ин кишвар дар бораи ҳамкорӣ созишномаҳо ба имзо расонида, дар онҳо ба маблағи умумии 2 млн. доллар кушодани аввалин хатҳои қарзӣ пешбинӣ мешавад.

Созишнома байни БДА «Амонатбонк» ва Бонки миллии Ӯзбекистон, ҳамчунин миёни «Бонки Эсхата» ва бонки «Асака» санаи 9 март дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон ба Душанбе ба имзо расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳарду санад ҳам ифтитоҳи хатҳои қарзӣ ба маблағи 1 млн. долларӣ дар назар дошта шудааст.

«Дар доираи хатҳои қарзӣ маблағгузории муомилоти савдо оид ба интиқоли автомобилҳо, молу маҳслуоти текстил, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ, маишӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ ва электротехникӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар назар аст», – иброз дошт манбаъ.

Ин қарордодҳо миёни бонкҳо дар чаҳорчӯби Созишномаи баимзорасида байни давлатҳо дар бораи ҳамкории молиявӣ баста шудаанд. Маҳз дар ин қарордодҳо аз ҷониби бонкҳо кушода шудани хатҳои махсуси қарзӣ дар ҳаҷми 100 млн. доллар пешбинӣ шуда, бо ин воситаҳо интиқоли молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ба бозорҳои Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.