Соҳаҳои кори манъ барои муҳоҷирон дар Сахалин зиёд мешавад

Раёсати ВКД Русия дар вилояти Сахалин зиёд кардани рӯйхати соҳаҳои кори манъ барои муҳоҷиронро пешниҳод намуд. «Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар бахши муҳоҷират зарурати роҳандозии сиёсати мутавозинро тақозо мекунад. Зимни санҷиши муҳоҷир бо кадом мақсад ба Сахалин омадани ӯро наметавон муайян кард. Ин рӯйхатро бамаротиб зиёд кардан лозим аст», – гуфтааст сардори Раёсати ВКД Сахалин Олег […]

Asia-Plus

Раёсати ВКД Русия дар вилояти Сахалин зиёд кардани рӯйхати соҳаҳои кори манъ барои муҳоҷиронро пешниҳод намуд.

«Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар бахши муҳоҷират зарурати роҳандозии сиёсати мутавозинро тақозо мекунад. Зимни санҷиши муҳоҷир бо кадом мақсад ба Сахалин омадани ӯро наметавон муайян кард. Ин рӯйхатро бамаротиб зиёд кардан лозим аст», – гуфтааст сардори Раёсати ВКД Сахалин Олег Долгий, менависад «Интерфакс».

Тавре хабар дода мешавад, маҳдудияти кор дар вилояти Сахалин барои хориҷиён аз соли 2016 амал мекунад. Ба соҳаҳое, ки дар он кор ба муҳоҷирон манъ аст, аз ҷумла бахшҳои истеҳсоли нон ва маснӯоти қаннодӣ, нақлиёти мусофиркаш (автобус) ва такси, як қатор самтҳои савдо ва сохтмон дохил мешаванд.

Охири соли гузашта ин номгӯй афзуда, кор барои муҳоҷиронро дар таваққуфгоҳҳои воситаҳои нақлиёт ва агентиҳои посбонӣ, ки дар иншооти муҳим аз лиҳози иҷтимоӣ, аз қабили мактабу бемористон амниятро таъмин мекунанд, низ манъ карданд.

Хабаргузории Фергана дар ин робита қайд мекунад, ки муҳоҷирони кории Сахалинро асосан шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон ва ҳамчунин Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти мақомоти омори Сахалин, соли 2017 ба вилоят 25.025 нафар муҳоҷирон омадаанд, ки 14.056 нафар – ба зисти доимӣ, 10.969 нафар – ба иқомати муваққатӣ ба муҳлати беш аз 9 моҳ ворид шудаанд ва аксари онҳо (72,8%) аз кишварҳои узви ИДМ мебошанд.

Тибқи маълумоти Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, соли 2017 дар Русия беш аз 15,7 млн. нафар ба қайди муҳоҷират гузошта шудаанд, ки наздики 7,7 млн. нафарашон зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.

Аз ин миқдор 4.082.377 нафарро – шаҳрвандони Ӯзбекистон, 587.728 нафарро – шаҳрвандони Қазоқистон, 879.575 нафарро – шаҳрвандони Қирғизистон, 2.106.256 нафарро – шаҳрвандони Тоҷикистон ва 74.225 нафарро шаҳрвандони Туркманистон ташкил додаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио