Чор хатсайри равуои автобус байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Date:

Ӯзбекистону Тоҷикистон ният доранд, ки имсол на камтар аз 4 хатсайри равуои автобус байни кишварҳоро боз намоянд.

Бино ба маълумоти хабаргузории Подробно.uz, ин иқдом ба туфайли созишномаи байниҳукуматӣ миёни кишварҳо дар бораи алоқаи автомобилӣ, ки зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид, имконпазир шуд.

«Мо ният дорем, ки имсол байни шаҳрҳои Тирмиз – Душанбе, Тошканд – Хуҷанд, Фарғона – Хуҷанд ва Самарқанд – Панҷакент ва як қатор хатсайрҳои дигар равуои мунтазами автобусҳоро ба роҳ монем», – гуфтааст муовини сардори Агентии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон Шоолим Шоваҳҳобов.

Ёдрас мекунем, ки парлумони Тоҷикистон рӯзи 19 март Созишнома бо Ӯзбекистонро дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар тасдиқ карда, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон онро сарнавиштсоз номид.

Қобили зикр аст, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳанӯз санаи 14 март қарор дар бораи тасдиқи созишномаи мазкурро ба имзо расонида, аз 16 март шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бераводид ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд.

Дар созишномаи мазкур сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар бераводид ба муҳлати 30 рӯз пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин аз моҳи апрели соли гузашта баъди танаффуси 25-сола байни шаҳрҳои Тошканду Душанбе парвози мунтазами ҳавопаймоҳо роҳандозӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...