Имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Русия дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии корхонаҳои нассоҷӣ ва саноати сабуки Федератсияи Русия имрӯз дар шаҳри Маскав созишномаи ҳамкорӣ имзо мекунанд. Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ хабар доданд, созишномаи мазкур ба вуруди амиқтари ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба бозори Русия мусоидат менамояд. Ширкатҳои Тоҷикистон, ба ин восита, ба намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои соҳавӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии корхонаҳои нассоҷӣ ва саноати сабуки Федератсияи Русия имрӯз дар шаҳри Маскав созишномаи ҳамкорӣ имзо мекунанд.

Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ хабар доданд, созишномаи мазкур ба вуруди амиқтари ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба бозори Русия мусоидат менамояд. Ширкатҳои Тоҷикистон, ба ин восита, ба намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои соҳавӣ дастрасии ягона пайдо намуда, дар симои ширкатҳои русӣ шарикон ва муштариёни нав хоҳанд ёфт.

Созишнома дар чаҳорчӯбаи 50-умин намоишгоҳи “Текстилегпром”, азимтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ, имзо мегардад. Намоишгоҳи ҷашнӣ аз 20-ум то 23-юми март дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.

Омодагии ҳайъати Тоҷикистон ба ин намоишгоҳ ва иштирок дар он бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) имконпазир гаштааст.

Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат» ва “ХИМА-Текстил” аз ноҳияи Ёвон, “Меҳровар” аз шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа), «Ноҳид» аз шаҳри Истаравшан, “Ортекс” аз шаҳри Хуҷанд, ва “Сумайя” аз ноҳияи Лахш. Намояндаи ширкати консалтингии «ACT Development Group», шарики маҳаллии МТБ, дар ин намоишнома ҳайъати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунад.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад.

Намоишгоҳ  ҳамчунин  макони шиносоии харидорону истеҳсолкунандагон ва коршиносони соҳа аз тақрибан 30 кишвари ҷаҳон мебошад. Рустам Шодибеков, мудири ширкати консалтингии «ACT Development Group», мегӯяд: “Иштирок дар “Текстиллегпром” ба корхонаҳои Тоҷикистон шонси нодире барои барқарор кардани робитаҳои тиҷоратӣ бо шарикони нав ва нигаҳдории равобит бо шарикони қаблӣ буда, ҳамчунин, ба онҳо имкон медиҳад, то таҷҳизоташонро нав бикунанд ва фурӯш ва содироташонро, махсусан ба Русия ва кишварҳои дигари ИДМ, бештар гардонанд.

Дар ҷараёни намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин метавонад тамоюлоти навин дар бозори байнулмилалиро биомӯзад ва ин дониш имкон медиҳад, то корхонаҳои мо дар бозорҳое, ки ҳоло қарор доранд, собиттар рақобатпазир бошанд”.

Файзалӣ Раҷабов, Раиси Раёсати Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, мегӯяд: “Барои нуҳумин бор аст, ки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ иштирок мекунанд ва ҳамаи ин иштирокҳо бо мусоидати МТБ сурат гирифтааст.

Давоми ин ҳама солҳо, корхонаҳои тоҷик аз ин намоишгоҳ бо қарордодҳои чандмиллиндоллара бо ширкатҳои хориҷӣ баргашта, имиҷи кишварро ба ҳайси кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти хушсифати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ баланд бардоштаанд. Интизори таҳкими бештари ҳузури ширкатҳои тоҷик дар бозори Русия мебошем”.

Ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин аз ғурфаҳои дигар низ дар намоишгоҳ бо ҳадафи шиносоӣ бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ ва фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин дидан хоҳад кард. Ҳайъати Тоҷикистон боз имкон дорад, то дар конфронсҳои илмию тадқиқотӣ, давраҳои омӯзишӣ, ва мизи гирдҳо иштирок намояд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Имсол Швейтсария 20-умин солгарди кушодашавии Дафтари ҳамкориро дар Точикистон ҷашн мегирад. Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориву рушди ҳамаҷониба, Швейтсария ба мардум ва  ҳукумати Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ, таъмини об ва идоракунии захираҳои табиӣ,  дастрасӣ ба адолат ва гузариши кишвар ба иқтисоди бозoрӣ мусоидат намуда истодааст.

Ҳукумати Швейтсария ҳамасола барои  амалисозии лоиҳаҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон   тақрибан 20 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.