Тоҷикистонӣ Азизҷон Азимӣ ба феҳристи «30 то 30»-и маҷаллаи Forbes дохил шуда, акнун нахустин намояндаи Тоҷикистон дар таърихи ин рӯйхат дониста мешавад.
Азизҷон Азимӣ муассис ва раиси Ташкилоти ғайридавлатии Тоҷикистон – Tajrupt мебошад, ки фаъолияташ ба густариши ҳуқуқ ва имконоти ҷавонон дар кишвар нигаронида шудааст.
Ба сифати аввалин Ташкилоти ғайридавлатӣ аз Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Фонди аврупоии хайриявӣ дастгирӣ ёфт, онҳо Маркази захираҳо таъсис дода, дар он иштирокчиён масоили баробарии гендерӣ, воситаҳои ахбори умуми озод ва рушди соҳибкориро баррасӣ мекунанд.
Азимӣ ҷавонтарин хатмкардаи Донишгоҳи Ню-Йорк дар соли 2016, номзади MBA/MPP бо ду сатҳи Мактаби олии тиҷорати Стэнфорд ва Мактаби идоракунии ба номи Ҷон Ф.Кеннедии Гарвард мебошад.
«Азия-Плюс» қаблан дар бораи Азимҷон мавод таҳия намуда буд, дар бораи чӣ гуна дар синни 11-солагӣ барои таҳсил ба ИМА рафтану дар давоми чор сол соҳиб шуданаш ба ду дипломи «сурх»-и бакалаврӣ ва дигар комёбиҳояш.
«30 то 30» рейтинги ҳамасолаи маҷаллаи Forbes мебошад, ки ба он соҳибкорону тоҷирони то 30-солагӣ аввалин миллионашонро коркарда дохил мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


