Тоҷикистонӣ дар рӯйхати Forbes – нахустин миллион то 30-солагӣ

Тоҷикистонӣ Азизҷон Азимӣ ба феҳристи «30 то 30»-и маҷаллаи Forbes дохил шуда, акнун нахустин намояндаи Тоҷикистон дар таърихи ин рӯйхат дониста мешавад. Азизҷон Азимӣ муассис ва раиси Ташкилоти ғайридавлатии Тоҷикистон – Tajrupt мебошад, ки фаъолияташ ба густариши ҳуқуқ ва имконоти ҷавонон дар кишвар нигаронида шудааст. Ба сифати аввалин Ташкилоти ғайридавлатӣ аз Осиёи Марказӣ, ки аз […]

Тоҷикистонӣ Азизҷон Азимӣ ба феҳристи «30 то 30»-и маҷаллаи Forbes дохил шуда, акнун нахустин намояндаи Тоҷикистон дар таърихи ин рӯйхат дониста мешавад.

Азизҷон Азимӣ муассис ва раиси Ташкилоти ғайридавлатии Тоҷикистон – Tajrupt мебошад, ки фаъолияташ ба густариши ҳуқуқ ва имконоти ҷавонон дар кишвар нигаронида шудааст.

Ба сифати аввалин Ташкилоти ғайридавлатӣ аз Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Фонди аврупоии хайриявӣ дастгирӣ ёфт, онҳо Маркази захираҳо таъсис дода, дар он иштирокчиён масоили баробарии гендерӣ, воситаҳои ахбори умуми озод ва рушди соҳибкориро баррасӣ мекунанд.

Азимӣ ҷавонтарин хатмкардаи Донишгоҳи Ню-Йорк дар соли 2016, номзади MBA/MPP бо ду сатҳи Мактаби олии тиҷорати Стэнфорд ва Мактаби идоракунии ба номи Ҷон Ф.Кеннедии Гарвард мебошад.

«Азия-Плюс» қаблан дар бораи Азимҷон мавод таҳия намуда буд, дар бораи чӣ гуна дар синни 11-солагӣ барои таҳсил ба ИМА рафтану дар давоми чор сол соҳиб шуданаш ба ду дипломи «сурх»-и бакалаврӣ ва дигар комёбиҳояш.

«30 то 30» рейтинги ҳамасолаи маҷаллаи Forbes мебошад, ки ба он соҳибкорону тоҷирони то 30-солагӣ аввалин миллионашонро коркарда дохил мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.