Дуздии беш аз ним миллион доллар дар артиши Қирғизистон

Додситонии кулли Қирғизистон дар пайи як санҷиш дуздии миллионҳо сомеро ошкор кардааст, ки ба бахши низомии ин кишвар ҷудо шуда буданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии додситонӣ, соли 2015 барои барқарорсозии зерсохторҳои Вазорати дифои Қирғизистон беш аз 70 миллион сом (беш аз 1 млн. доллар) ҷудо шуда буд. Вале мансабдорони […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додситонии кулли Қирғизистон дар пайи як санҷиш дуздии миллионҳо сомеро ошкор кардааст, ки ба бахши низомии ин кишвар ҷудо шуда буданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии додситонӣ, соли 2015 барои барқарорсозии зерсохторҳои Вазорати дифои Қирғизистон беш аз 70 миллион сом (беш аз 1 млн. доллар) ҷудо шуда буд.

Вале мансабдорони вазорат ва ниҳодҳои зертобеи онҳо, аз ҷумла ширкати давлатии «Аскер Курулуш» беш аз 37 миллион сом (543 ҳазор доллар)-ро ғайриқонунӣ ба корҳои таъмирӣ ва хариди масолеҳи сохтмонӣ сарф кардаанд.

Ба ҷуз ин, 9 миллион соми дигар дар пайи аз ҳад зиёд нишон додани харҷи корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аз худ карда шудааст.

"Ин амалҳо се сол пеш анҷом, вале ҳоло ошкор гаштанд. Дар ҳоли ҳозир, тафтишот идома дорад ва дастандаркорон муҷозот хоҳанд шуд", – гуфт додситони низомии қирғиз Нуркамол Набиев.

Дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои "Сӯистифода аз мақом" ва "Истифодаи ғайриқонунии пулҳои буҷа" парванда боз шудааст.

Додситонии ҳарбии Қирғизистон ному насаби мансабдоронеро, ки ба дуздии пулҳо айбдоранд, ошкор намекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.