Маблағгузории БОР ба азнавсозии роҳи Душанбе – Бохтар

Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд (БОР) грант дар ҳаҷми 90 млн. долларро барои маблағгузории иловагии барқарору азнавсозии 40 километр қитъаи роҳи Душанбе – Бохтар (Қӯрғонтеппа) маъқул шуморид. «Нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, афзоиши сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим дорад, – иброз доштааст мутахассис оид ба нақлиёти Департаменти БОР дар […]

Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд (БОР) грант дар ҳаҷми 90 млн. долларро барои маблағгузории иловагии барқарору азнавсозии 40 километр қитъаи роҳи Душанбе – Бохтар (Қӯрғонтеппа) маъқул шуморид.

«Нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, афзоиши сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим дорад, – иброз доштааст мутахассис оид ба нақлиёти Департаменти БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Камел Бухмад. – Маблағгузории иловагӣ натанҳо ба бунёди долонҳои иқтисодӣ тариқи рушди нақлиёт кумак мекунад, балки имконоти кишварро дар таъмину нигоҳдории зербино низ тақвият мебахшад».

Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми

Муҳлати сохтмон 3 сол муайян шуда, он бояд то моҳи октябри соли 2020 – ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд шавад.

Тибқи нақша дар рафти таҷдид ва азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.