Сабти якбора се заминларза дар қаламрави Тоҷикистон

Дар қаламрави Тоҷикистон субҳи имрӯз якбора се заминларза рух дод, ки маркази ҳамаи онҳо дар як ҷо – 7 км аз Роғун ҷойгир буд. Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки заминларзаи аввал соати 3:54 дақиқа ба вуқӯъ пайваста, маркази он дар 102 километрии шаҳри Душанбе, 7 километрии шимолу шарқи Роғун воқеъ буд ва […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар қаламрави Тоҷикистон субҳи имрӯз якбора се заминларза рух дод, ки маркази ҳамаи онҳо дар як ҷо – 7 км аз Роғун ҷойгир буд.

Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки заминларзаи аввал соати 3:54 дақиқа ба вуқӯъ пайваста, маркази он дар 102 километрии шаҳри Душанбе, 7 километрии шимолу шарқи Роғун воқеъ буд ва қувваи он дар марказ – 5 балл, шаҳри Душанбе – 2-3 балл ва Роғун – 4 баллро ташкил додааст.

Заминҷунбии дуюм соати 4:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳамин қаламрав ба қайд гирифта шуда, қувваи он дар марказ – 4 балл, Роғун – 3 балл ва дар Душанбе начандон эҳсос шудааст.

Ҳодисаи заминларзаи сеюм соати 7:10-и субҳ ва марказаш боз ҳамон қаламрав – 102 километрии шимолу шарқии шаҳри Душанбе ва 7 километрии шимолу шарқи Роғун сабт шуда, қувваи заминҷунбӣ дар марказ – 3-4 баллро ташкил додааст. Дар Душанбе он начандон эҳсос шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, қувваи заминларза дар марказ ба 4,7 балл баробар будааст.

Маркази заминларза дар қаламрави 120 километрии шарқи Душанбе, 69 километрии шимоли Муъминобод ва 7 километрии шимолу шарқи Роғун дар чуқурии 15 километр муайян шудааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, талафоти ҷонӣ ва харобиҳо бар асари ин заминларза ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.