Ҳалокати боздоштшуда дар пойтахт: фарзияҳо гуногунанд

Date:

Кормандони Шуъбаи ВКД-2 ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 28 март сокини шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаровро, ки бо оилааш муваққатан дар шаҳри Душанбе иқомат дошт, боздошт кардаанд. Рӯзи 29 март кормандони милитсия ӯро ба Маркази миллии тиббӣ меоранд.

Дар қабулгоҳи марказ табибон баъди муоина марги ӯро тасдиқ мекунанд: яъне вақте кормандони милитсия ӯро ба бемористон меоранд, ӯ аллакай мурда буд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло).

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум шуд, А.Назаровро кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, як рӯз пеш аз боздошти А.Назаров, бо як миқдор маводи нашъаовар сокини пойтахт боздошт шудааст, ки ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзида шуд.

Зимни бозпурсӣ ӯ баёнот додааст, ки ин миқдори маводи нашъаоварро ӯ барои минбаъд паҳн кардан аз Абдурасул Назаров гирифтааст.

«Баъди ба бинои ШВКД-2 ноҳияи Сино овардан, Назаров ба сактаи дил (инфаркт) гирифтор шуда, дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилӣ.

Ӯ ба «Азия-Плюс» итминон дод, ки табибони қабулгоҳи Маркази миллии тиббӣ марги ӯро аз бемории дил дар ҳуҷҷатҳо сабт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Садбарг Бобохонова, ҳамсари А.Назаров дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки «дар тани шавҳарам доғҳои сиёҳ буд, дастонаш, як тарафи сараш захм дорад, дар чеҳрааш осори латту кӯб ҳаст».

Далели марги Абдураҳмон Назаров мавриди тафтиши мақомоти прокуратураи пойтахт қарор гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...