Вакили Думаи давлатии Русия чипзании муҳоҷиронро пешниҳод кард

Максим Иванов, вакили Думаи давлатӣ, палатаи поёнии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими "Единая Россия” рӯзи 28 март дар ҷаласаи кумитаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва динии Дума пешниҳод кардааст, то тамоми муҳоҷирони кориро ба гардондани дастбанд(браслет)-и чипдор маҷбур кунанд. Сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» менависад, Максим Иванов, ки дар Думаи давлатӣ аз вилояти Свердловск намояндагӣ […]

Расонаи мустақили "Ахбор"

Максим Иванов, вакили Думаи давлатӣ, палатаи поёнии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими "Единая Россия” рӯзи 28 март дар ҷаласаи кумитаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва динии Дума пешниҳод кардааст, то тамоми муҳоҷирони кориро ба гардондани дастбанд(браслет)-и чипдор маҷбур кунанд.

Сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» менависад, Максим Иванов, ки дар Думаи давлатӣ аз вилояти Свердловск намояндагӣ мекунад, гуфтааст, дар ин чип бояд тамоми маълумот дар бораи кай ба Русия омадани муҳоҷир, аз ҷониби кӣ даъват шудану дар куҷо кор карданаш ва ҳамчунин маълумоти дигар, аз ҷумла дар бораи чӣ маризиҳо доштани муҳоҷир дарҷ шавад.

Максим Иванов изҳор доштааст, ки ҳадафи вай "тамға” задани муҳоҷирон нест, балки осон кардани ҳаракати онҳо дар қаламрави Русия аст, чунки ба муҳоҷирони корӣ баъди бастани дастбанди чипдор дигар бо худ гардондани санадҳои қоғазии сершумор зарур намешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.