Тоҷикистону Русия таҳримҳо дар парвозҳоро комилан бекор карданд

Баъди музокироти мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда дар парвозҳои ҳарду ҷониб комилан аз байн бардошта шуданд. Бино ба маълумоти ТАСС, ҷонибҳо парвозҳои ширкатҳои таъйиншударо дар ҳаҷми на камтар аз ҷадвали парвозҳои мавсими зимистони солҳои 2017-2018 пурра тасдиқ намуданд. «Ғайр аз ин, дар ҷадвали хатсайрҳои мавсими тобистон боз 4 хатсайри […]

Наим Халимов

Баъди музокироти мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда дар парвозҳои ҳарду ҷониб комилан аз байн бардошта шуданд.

Бино ба маълумоти ТАСС, ҷонибҳо парвозҳои ширкатҳои таъйиншударо дар ҳаҷми на камтар аз ҷадвали парвозҳои мавсими зимистони солҳои 2017-2018 пурра тасдиқ намуданд.

«Ғайр аз ин, дар ҷадвали хатсайрҳои мавсими тобистон боз 4 хатсайри нав: Перм – Душанбе, Жуковский – Кӯлоб, Челябинск – Хуҷанд ва Краснодар – Хуҷанд илова мешавад», – омадааст дар маълумот.

Дар Вазорати нақлиёти Русия қайд кардаанд, ки ҳайатҳо оид ба тадбирҳои минбаъда дар самти рушди алоқаи ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд. Ҳамчунин зикр шудааст, ки маҳдудиятҳои қаблан эълоншуда низ ҷорӣ нахоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти авиатсионии Русия ният доштанд, ки аз 5 апрел иҷозатномаҳои парвози ширкатҳои Somon Air ва Tajik Air-ро аз Душанбе ба Маскав ва Новосибирск ва ҳамчунин аз Хуҷанд ба Новосибирск бозхонд кунанд.

Қаблан ба парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» аз Перм ба Душанбе, аз Краснодар ба Хуҷанд, аз Челябинск ба Душанбе ва аз Жуковский ба Кӯлоб иҷоза нашуд. Айни замон парвозҳо бо ин самтҳоро ҳеҷ кадоме аз ширкатҳо анҷом намедиҳад.

Дар навбати худ Вазорати нақлиёти Русия парвозҳои Somon Air-ро аз Душанбе ба Екатеринбург, Иркутск, Қазон, Краснодар, Красноярск, Петербург, Сочи ва аз Хуҷанд ба Қазон ва Санкт-Петербург манъ кард.

Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвози чор ширкати русиягӣ –  "Уралские авиалинии", "ЮТэйр", S7 ва "Северний ветер"-ро ба Душанбе ва Хуҷанд бозхонд кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.