Медали тиллои Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Анталия

Date:

Дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии «Grand-Prix Antalya 2018», ки санаи шоми санаи 8 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия ба итмом расид, дзюдочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён медали тилло ба даст овард.

Дар вазни то 90 кило ӯ бар 4 ҳарифаш – Самули Виитанен (Финландия), Солтон Броун (ИМА), Мамадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва чемпиони ҷаҳон дар соли 2017  Неманя Майдов аз Сербия дастболо шуд. Ҳамаи рақибон пеш аз муҳлат бо баҳои баландтарин – иппон мағлуб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 6 гуштигир намояндагӣ карда, дар вазни то 100 кило Саидҷалол Саидов зинаи 7-умро ишғол намуд. Наврӯз Каримзод, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов ва Ҷаҳонгир Маҷидов аз уҳдаи касби мақом дар ҳаштгонаи вазнашон набаромаданд.

Дар феҳристи Федератсияи байнулмилалии дзюдо (IJF) дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён акнун мавқеи 7-умро ишғол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...