Фирори тоҷику ӯзбеки маҳкумшуда аз муассисаи ислоҳии сукунати Қирғизистон

Date:

Аз муассисаи ислоҳии сукунати №51 дар шаҳри Балиқчии Қирғизистон ду нафар маҳкумшудагон – зодаи Тоҷикистон Зафарҷон Исматов ва Ӯзбекистон – Аскарҷон Бӯриев фирор намуданд, хабар медиҳад агентии 24.kg бо истинод ба Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

Аз рӯи далели фирори маҳкумшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, маълумот дар бораи онҳо ба тамоми шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шудааст. Доир ба дарёфти онҳо тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шудаааст. Дар Хадамоти мазкур аз эҳтимол дур намедонанд, ки фирориён шояд ба барои ба ватан рафтан кӯшиш кунанд.

Гуфта мешавад, тоҷикистонии 38-сола аз шаҳри Ваҳдат барои дуздии амвол дар ҳаҷми назаррас ба муҳлати 2 сол ва зодаи 34-солаи шаҳри Ҷамбой Ӯзбекистон ду моҳ пеш ба иттиҳоми тақаллубкорӣ дар ҳуҷҷатҳо маҳкум шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки маҳкумшудагон қаламрави муассисаро рӯзи 8 апрел тарк намуда, муддати се шабонарӯз дигар ба макони адои ҷазо ҳозир нашудаанд. Аз ин рӯ, мувофқи қонун мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...