Фирори тоҷику ӯзбеки маҳкумшуда аз муассисаи ислоҳии сукунати Қирғизистон

Аз муассисаи ислоҳии сукунати №51 дар шаҳри Балиқчии Қирғизистон ду нафар маҳкумшудагон – зодаи Тоҷикистон Зафарҷон Исматов ва Ӯзбекистон – Аскарҷон Бӯриев фирор намуданд, хабар медиҳад агентии 24.kg бо истинод ба Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои ҷиноятӣ. Аз рӯи далели фирори маҳкумшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, маълумот дар бораи онҳо ба тамоми шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ […]

Asia-Plus

Аз муассисаи ислоҳии сукунати №51 дар шаҳри Балиқчии Қирғизистон ду нафар маҳкумшудагон – зодаи Тоҷикистон Зафарҷон Исматов ва Ӯзбекистон – Аскарҷон Бӯриев фирор намуданд, хабар медиҳад агентии 24.kg бо истинод ба Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.

Аз рӯи далели фирори маҳкумшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, маълумот дар бораи онҳо ба тамоми шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шудааст. Доир ба дарёфти онҳо тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шудаааст. Дар Хадамоти мазкур аз эҳтимол дур намедонанд, ки фирориён шояд ба барои ба ватан рафтан кӯшиш кунанд.

Гуфта мешавад, тоҷикистонии 38-сола аз шаҳри Ваҳдат барои дуздии амвол дар ҳаҷми назаррас ба муҳлати 2 сол ва зодаи 34-солаи шаҳри Ҷамбой Ӯзбекистон ду моҳ пеш ба иттиҳоми тақаллубкорӣ дар ҳуҷҷатҳо маҳкум шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки маҳкумшудагон қаламрави муассисаро рӯзи 8 апрел тарк намуда, муддати се шабонарӯз дигар ба макони адои ҷазо ҳозир нашудаанд. Аз ин рӯ, мувофқи қонун мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.