Машқҳои саҳроӣ оид ба механизмҳои вокуниш ба убури оммавии гурезагон

Date:

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ дар соли 2018, ҳамчунин барои беҳбудии ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиҳо миёни вазоратҳо ва идораҳо-аъзои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 11-уми апрели соли 2018 машқи саҳроӣ дар мавзӯи “Омодагӣ ва вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулодда дар алоқамандӣ бо убури оммавии гурезагон”  баргузор намуд.

Тибқи сенарияи омӯзиш, ки дар се зина баргузор шуд, масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гржданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи вазорату идораҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳолате тамрин шуд, ки дар марзи Тоҷикистон гурӯҳи азими паноҳандагон ҷамъ омада буданд.

Барои ҳамоҳангӣ ва тарҳрезии умумии фаъолиятҳо 10-уми апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Нуқтаи фармондеҳии ҷумҳуриявӣ ба кор оғоз кард, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳо гирдиҳам омаданд. 

11- уми апрели соли  2018 дар раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҷаласаи баррасии нақшаи муштараки қабулшуда ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда баргузор шуд. Худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон тамрини амалӣ, саҳроӣ- намоишӣ тибқи сенарияи навишташуда доир гардид.

Дар замони роҳандозии омӯзиш дараҷаи омодагии хадамоти ҷалбшуда санҷида шуданд, ҳамчунин тайёрии нерӯҳо ва воситаҳои мақомоти идорӣ ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ шуд. Теъдоди паноҳандагон дар ин тамринҳо наздик ба 10 ҳазор нафар буданд. 

Беш аз 10 муассисаи давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Раёсати СММ дар умури паноҳандагон, Барномаи озуқавории умумиҷаҳонӣ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ дар ин тамринҳо иштирок намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...