Муҳоҷирон ба Тоҷикистон беш аз 2,5 млрд. доллар фиристоданд

Соли 2017 аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 12 млрд. 906 млн. доллар маблағ фиристода шуд. Миёни кишварҳои ИДМ аз Русия маблағҳо аз ҳама бештар ба Ӯзбекистону Тоҷикистон фиристода шуданд, ки мутаносибан дар зианҳои аввал қарор доранд. Байни кишварҳои Иттиҳод Ӯзбекистон пешсаф аст. Соли гузашта ба ин кишвар тариқи низомҳои интиқоли пул 3 […]

Asia-Plus

Соли 2017 аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 12 млрд. 906 млн. доллар маблағ фиристода шуд.

Миёни кишварҳои ИДМ аз Русия маблағҳо аз ҳама бештар ба Ӯзбекистону Тоҷикистон фиристода шуданд, ки мутаносибан дар зианҳои аввал қарор доранд.

Байни кишварҳои Иттиҳод Ӯзбекистон пешсаф аст. Соли гузашта ба ин кишвар тариқи низомҳои интиқоли пул 3 млрд. 902 млн. доллар маблағ фиристода шудааст.

Давоми соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2,5 млрд. доллар интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешини 2016 ба миқдори 600 млн. доллар зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта маблағи як интиқоли пулӣ ба ҳисоби миёна 98 долларро ташкил додааст.

Сохтори асъории интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи зайл аст: 83% – рубли русӣ, 16% – доллари ИМА ва 0,1% – евро.

Аз рӯи интиқоли маблағ баъди Ӯзбекистону Тоҷикистон Қирғизистону Арманистон ҷойгиранд, ки соли 2017 ба ин кишварҳо мутаносибан 2 млрд. 211 млн. ва беш аз 1 млн. доллар маблағ равона гардидааст.

Маблағи аз ҳама камтарин ба Туркманистон фиристода шудааст, ки ҳамагӣ ба 2 млн. доллар баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.