Муаррифии имконоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи «ЭСКПО-2020»

Тоҷикистон дар кори Намоишгоҳи байнулмилалии»ЭКСПО-2020», ки аз 20 октябри соли 2020 то 10 апрели соли 2021 дар Дубай доир мегардад, иштирок мекунад. Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба ин намоишгоҳ таъсис дода шудааст, ки онро муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Ба Вазорати рушди иқтисод […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар кори Намоишгоҳи байнулмилалии»ЭКСПО-2020», ки аз 20 октябри соли 2020 то 10 апрели соли 2021 дар Дубай доир мегардад, иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба ин намоишгоҳ таъсис дода шудааст, ки онро муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Палатаи савдо ва саноат дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои марбута дастур дода шудааст, ки номгӯи чорабиниҳои зарурӣ барои омодагӣ ва иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкурро таҳия созанд.

Қаблан Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байнулмилалии«ЭКСПО-67» (Монреал, Канада), «ЭКСПО–70» (Осака, Япония), «ЭКСПО–2000» (Ганновер, Олмон), «ЭКСПО-2005» (Айчи, Япония), Намоишгоҳи умумиҷаҳонии универсалии «ЭКСПО-2010» (Шанхай, Чин), Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО-2012» (Ёсу, Ҷумҳурии Корея), Намоишгоҳи байнулмилалии махсуси «ЭКСПО-2017» (Остона, Қазоқистон) иштирок дошт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии «ЭКСПО-2020», дар ин намоишгоҳ беш аз 200 кишвар ва ташкилоту корхонаҳо иштирок мекунанд. Дар Дубай барои баргузории «ЭСКПО-2020» ба маблағи 7 млрд. доллар шаҳраки хурд бунёд мегардад. Буҷети умумии намоишгоҳ ҳамроҳ бо иншоот 7 млрд. доллар арзёбӣ мешавад. Дар намоишгоҳ аз иштирок ва боздиди  наздики 25 млн. нафар – 75%-ашон хориҷиён интизорӣ меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио