Ҳунарнамоии Шабнами Сурайё дар фестивали «Бойсун баҳори»

Овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар фестивали анъанавии байнулмилалии кушоди «Бойсун баҳори», ки рӯзҳои 28-29 апрел дар ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон доир мегардад, ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод. Дар ин ҷашнвора ҳамчунин театр-студияи «Падида» таҳти сарварии Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Шарофат Рашидова ва ансамбли рақсии «Лола» […]

Аваз Юлдошев

Овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар фестивали анъанавии байнулмилалии кушоди «Бойсун баҳори», ки рӯзҳои 28-29 апрел дар ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон доир мегардад, ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин ҷашнвора ҳамчунин театр-студияи «Падида» таҳти сарварии Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Шарофат Рашидова ва ансамбли рақсии «Лола» аз Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Раҳбарияти вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ба ин фестивал ҳамчунин роҳбарони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритӯс, Шаҳринав, шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзодаро низ даъват кардааст.

Дар фестивали «Бойсун баҳори» ҷониби мизбон – Ӯзбекистонро гурӯҳҳои фолклорӣ, ҳофизон, бахши-оқинҳо, олимони фолклоршинос аз Тошканд, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳамаи вилоятҳои Ӯзбекистон намояндагӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2001 ЮНЕСКО дар қатори 19 минтақаҳои дигаи ҷаҳон Фазои фарҳангии ноҳияи Бойсунро ба феҳристи «Шоҳкориҳои мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният» шомил кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.