Ҳарифони футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё-2018

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур (Малайзия) маросими қуръакашии даври финалии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни мунтахабҳои наврасони то 16-сола доир гардид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федеартсияи футболи Тоҷикистон, тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Малайзия, Япония ва Таиланд қувваозмоӣ мекунад. Дар Чемпионати 18-уми Осиё оид ба футбол миёни мунтахабҳои […]

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур (Малайзия) маросими қуръакашии даври финалии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни мунтахабҳои наврасони то 16-сола доир гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федеартсияи футболи Тоҷикистон, тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Малайзия, Япония ва Таиланд қувваозмоӣ мекунад.

Дар Чемпионати 18-уми Осиё оид ба футбол миёни мунтахабҳои наврасони то 16-сола, ки аз 20 сентябр то 7 октябри соли равон дар Малайзия баргузор мешавад, 16 даста иштирок мекунад.

Мувофиқи регламент, аз рӯи натиҷаҳои бозӣ дар 4 гурӯҳ 2 даста ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфта, дар идома марҳилаи 1/4 финалӣ, нимфиналӣ ва бозии финалӣ доир мегардад. Чор дастаи беҳтарини чемпионат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перу роҳхат мегиранд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори сеюм аст, ки дар даври финалии Чемпионати Осиё бозӣ мекунад. Тоҷикистон дар бозиҳои финалии чемпиоантҳои соли 2006 ва 2010 иштирок карда буд. Дар чемпионати соли 2006 дар Сингапур наврасони Тоҷикистон медали биринҷӣ ба даст оварда, ба чемпионати ҷаҳон-2007 роҳхат гирифта буданд.

Натиҷаҳои қуръапартоии Чемпионати Осиё-2018 байни мунтахабҳои наврасон (U-16):

Гурӯҳи «А»: Малайзия, Япония, Таиланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Уммон, Яман, Урдун.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия.

Гурӯҳи «D»: Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Афғонистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.