Пешниҳоди симкортҳои махсус ба сайёҳон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ симкортҳои махсус таҳия намуданд. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқ якҷо бо ширкати мобилии «Tcell» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, симкортҳои махсус пешниҳод мегардад. Зимни муаррифии симкорти мазкур қайд гардид, ки ҳангоми фаъол […]

Дар Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ симкортҳои махсус таҳия намуданд.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқ якҷо бо ширкати мобилии «Tcell» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, симкортҳои махсус пешниҳод мегардад.

Зимни муаррифии симкорти мазкур қайд гардид, ки ҳангоми фаъол намудани сим-корт  бо таври автоматӣ 50 дақиқа суҳбати ройгон, 100 мб Интернет ва 150 смс ё худ паёмакро дар худ дорад, ки сайёҳон метавонанд аз ин хизматрасонӣ ба таври  ройгон ҳамчун туҳфа истифода намоянд.

Ҳамзамон, ҳангоми фаъол гардонидани симкорт маълумот бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи меҳмонхонаҳо, маконҳои тамошобоб, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, тарабхонаҳо, хизматрасонии таксӣ фиристода мешавад.

Дар фурудгоҳ сайёҳон бо тарзи хоса пешвоз гирифта шуда, аз меҳмоннавозии тоҷикона аз наздик ошноӣ пайдо мекунанд. Инчунин, дар фурудгоҳ меҳмонону сайёҳон метавонанд, тавассути хизматрасонии ширкати мобилии «Tcell» аз интернети босуръати бесими Wi-Fi ройгон истифода намоянд.

Бояд қайд намуд ки симкортҳо барои сайёҳон тавассути ширкатҳои сайёҳӣ дар фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии нақлиётӣ пешниҳод карда шуда, бо нархҳои дастрас ва алоқаи босифати комуникатсионии байналмилалӣ таъмин карда мешаванд.

Дар баробари ин аз ҷониби ширкати мобилии «Tcell» тарофаҳои зиёд пешниҳод карда шуда, хизматрасонии интернетии босуръати 2G,  3G ва  4G  пешниҳод карда мешавад.

Инчунин, барои симкортҳои мазкур «Call center»-и махсус барои мизоҷони корпоративӣ таъмин карда шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкур барои рушди технологияҳои иттилоотию  коммуникатсионӣ дар бахши сайёҳӣ, дастрасӣ ба мавзеъҳои сайёҳиро осон ва васеъ намуда, сатҳи хизматрасониро бамаротиб боло мебарад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.