«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» кишоварзони тоҷикро дастгирӣ мекунад

Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» аллакай соли панҷум аст, ки пайдарҳам баҳри дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ аксияи «Зардолу»-ро роҳандозӣ мекунад. Ин иқдом бо ҳадафи рушди боғдорӣ ва дастгирии кишоварзон доир гардида, дар чаҳорчӯби он маблағгузории мақсадноки деҳқонони машғул ба парваришу коркарди ҳам зардолуи тару тоза ва ҳам хушкшуда нигаронида шудааст. Аксия дар ноҳияҳои Ашту Бобоҷон […]

Asia-Plus

Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» аллакай соли панҷум аст, ки пайдарҳам баҳри дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ аксияи «Зардолу»-ро роҳандозӣ мекунад.

Ин иқдом бо ҳадафи рушди боғдорӣ ва дастгирии кишоварзон доир гардида, дар чаҳорчӯби он маблағгузории мақсадноки деҳқонони машғул ба парваришу коркарди ҳам зардолуи тару тоза ва ҳам хушкшуда нигаронида шудааст.

Аксия дар ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Конидому Исфараи вилояти Суғд баргузор мешавад, ки дар ин минтақа парвариш ва хушк кардани зардолу аз шуғлу тиҷорати асосии аҳолии маҳаллӣ ба шумор меравад.

Дар доираи ин аксия ҳамаи хоҳишмандон бо қарзҳои дастрас хариди яклухти ҳосили боғҳои зардолуро анҷом дода метавонанд.

Ҳаҷми қарз то 50 ҳазор сомониро ташкил дода метавонад, ки онро метавон дар муддати 24 соат бо фоизҳои нисбатан арзон дастрас намуд.

Маълумоти бештар муфассал бо телефони 1122.

«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» яке аз ниҳодҳои молии пешсафи Тоҷикистон мебошад, ки шабакаи иборат аз 133 дафтари кориро доро буда, муддати 18 сол аст, ки дар бозори қарздиҳии хурди кишвар фаъолият дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.