Роҳбари корхонаи «Заря Востока» дар Суғд иваз шуд

Ба корхонаи КВД «Нури Ховар», ки то соли 2014 «Заря Востока» номида мешуд, роҳбари нав таъин шуд. Корхона дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) воқеъ буда, замоне яке аз корхонаҳои муҳимтарини саноати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт. Бо фармони вазири саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ, Парвиз Ҷабборзода, ки то ин дам ба ҳайси сардори Раёсати технолгияҳои […]

Ба корхонаи КВД «Нури Ховар», ки то соли 2014 «Заря Востока» номида мешуд, роҳбари нав таъин шуд.

Корхона дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) воқеъ буда, замоне яке аз корхонаҳои муҳимтарини саноати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт.

Бо фармони вазири саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ, Парвиз Ҷабборзода, ки то ин дам ба ҳайси сардори Раёсати технолгияҳои нави Вазорати кор мекард, директори нави КВД «Нури Ховар» таъин шуд.

Парвиз Ҷабборзода дар ин мансаб Зиёдулло Носировро иваз намуд, ки аз соли 2013 ба ин корхона роҳбарӣ мекард.

КВД «Заря Востока» (феълан «Нури Ховар») ҳамчун филиали Комбинати кимиёвии Алексинск соли 1968 таъсис дода шуд.

Ин корхона дар таҳкими иқтидори мудофиавии давлати он замон ягона, рушди соҳаҳои муосири саноат ва энергетика саҳми назаррас дорад.

Айни замон КВД «Нури Ховар» яке аз корхонаҳои бузурги вилояти Суғд мебошад, ки молу маҳсулоти ниёзи мардум ва маҳсулоти таъиноти истеҳсоли ва техникӣ истеҳсол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.