Президенти Туркманистон: «Ман савораам ва халқамро бо худ ба пеш мебарам»

Ҳангоми боздид аз ипподром ба муносибати ҷашни Рӯзи ахалтекин рӯзи якшанбеи охири моҳи апрел президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар яке аз гуфтугӯҳои хеле камшуори худ бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Россия-24» мусоҳиба орост. Бино ба иттилои CA-NEWS бо истинод ба хадамоти матбуоти сарвари давлати Туркманистон, зимни мусоҳиба Бердимуҳаамедов изҳор доштааст, ки ҳамаи туркманҳо модарзод аспсаворанд. Ӯ […]

Asia-Plus

Ҳангоми боздид аз ипподром ба муносибати ҷашни Рӯзи ахалтекин рӯзи якшанбеи охири моҳи апрел президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар яке аз гуфтугӯҳои хеле камшуори худ бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Россия-24» мусоҳиба орост.

Бино ба иттилои CA-NEWS бо истинод ба хадамоти матбуоти сарвари давлати Туркманистон, зимни мусоҳиба Бердимуҳаамедов изҳор доштааст, ки ҳамаи туркманҳо модарзод аспсаворанд. Ӯ муҳим будани мунсибатҳо бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мавқеи фаъоли кишвар дар ИДМ-ро таъкид намуд.

https://www.youtube.com/watch?v=0P4h6m9FqoI

 «Аспсаворӣ дар ҳаёти сиёсӣ ҳам кумак мекунад. Ман ҳамеша худро аспсавор ҳисоб мекунам ва халқамро ба пеш мебарам. Чӣ магар Владимир Владимирович аспсаворӣ намекунад? Ӯ ҳам аспсаворӣ мекунад», – гуфтааст Бердимуҳаммедов.

Мусоҳиба дар партави чорабинии оммавӣ бо овоздиҳии «Аркадага шохрат!» (Шараф ба Аркадаг) сурат гирифт. Тавре бо ишрра ба донишҷӯён аз ин чорабинӣ президент изҳор дошт: «Ин хусусияти миллиро мебинед, шумо шояд гумон кунед, ки мо онҳоро маҷбур кардаем. Инро худашон мехоҳанд. Онҳо мактабҳои олиро хатм карда, ҷойи худро дар зиндагӣ пайдо мекунанд ва аллакай ин кори онҳост».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.