Баррасии вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону САҲА

Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар Душанбе, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин  бо  Дабири кулли  САҲА Томас Гремингер  доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА-ро тибқи ваколати Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар Душанбе, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин  бо  Дабири кулли  САҲА Томас Гремингер  доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА-ро тибқи ваколати Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон муҳокима намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо Муовини Дабири Кулли СММ, Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот анҷом дода, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистонро бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои муштарак ва ҳамоҳангшударо дар самти мубориза бо таҳдиду чолишҳои  амниятӣ  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Конфронси дурӯзаро ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо барпо мекунад.

Дар кори он роҳбарон ва намояндагони воломақоми идораи сиёсати хориҷӣ ва дигар вазорату мақомоти марбутаи Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Венгрия, Швейтсария, Баҳрайн, Ҳиндустон, Арманистон, Русия, Чин, ИМА, Испания, Олмон, Чехия, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шветсия, Британияи Кабир, Украина, Ҷумҳурии Корея, Япония, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувейт, Умон, Алҷазоир, Сурия, Ливия ва дигар кишварҳо иштирок доранд.

Ҳамчунин дар кори конфронс роҳбарону намояндагони як қатор созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИА, СААД, СҲШ, ИДМ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ низ ҳузур доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.