Пешниҳоди тасдиқи созишномаҳои бо Ӯзбекистон баимзорасида ба парлумон

Палатаи поёнии парлумон ният дорад, ки Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди кишварҳо дар сатҳи олӣ санаи 9 марти соли равон дар Душанбе ба имзо расида буд, тасдиқ намояд. Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки пагоҳ, 4 май доир мегардад, ин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон ният дорад, ки Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди кишварҳо дар сатҳи олӣ санаи 9 марти соли равон дар Душанбе ба имзо расида буд, тасдиқ намояд.

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки пагоҳ, 4 май доир мегардад, ин созишнома мавриди баррасӣ қарор мегирад, хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов.

Ба вакилон ҳамчунин тасдиқи Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя низ пешниҳод мешавад.

Зимни ҷаласа вакилони мардумӣ Созишномаи грантиро оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» байни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ низ баррасӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, баррасии ворид намудани тағйироту илова ба лоиҳаи қонун «Дар бораи сармоягузорӣ» низ дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.