Вакилони тоҷик аз табодули тиҷоратӣ бо Марокаш қаноатманд нестанд

Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев изҳор намуд, ки аз ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Марокаш қаноатманд нест. Ин кишвар дар минтақаи шимолу ғарби Африқо воқеъ буда, соли гузашта бо Тоҷикистон ҳамагӣ дар ҳаҷми каме бештар аз 830 ҳазор доллар муомилоти мол анҷом додааст. «Боиси таассуф аст, ки табодули тиҷоратӣ байни ду […]

Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев изҳор намуд, ки аз ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Марокаш қаноатманд нест. Ин кишвар дар минтақаи шимолу ғарби Африқо воқеъ буда, соли гузашта бо Тоҷикистон ҳамагӣ дар ҳаҷми каме бештар аз 830 ҳазор доллар муомилоти мол анҷом додааст.

«Боиси таассуф аст, ки табодули тиҷоратӣ байни ду кишвари дӯст ҷавобгӯи хостаҳои ду ҷониб набуда, мо бояд аз имконоту фурсатҳои мавҷудаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ ба таври самаранок истифода барем», – иброз дошт Акрамшо Фелалиев имрӯз зимни вохӯрӣ бо Абдуҷалил Саубри, сафири Подшоҳии Марокаш дар Тоҷикистон.

Муовини раиси парлумон зарурати истифодаи имконоти мавҷуда барои густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корхои хориҷии ду кишварро зикр намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин  масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвари дӯст, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳангро низ баррасӣ карданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Марокаш 829,4 ҳазор долларро ташкил дода, имсол ҷонибҳо алҳол байни ҳамдигар муомилоти моли анҷом надодаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.