Вакилони тоҷик аз табодули тиҷоратӣ бо Марокаш қаноатманд нестанд

Date:

Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев изҳор намуд, ки аз ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Марокаш қаноатманд нест. Ин кишвар дар минтақаи шимолу ғарби Африқо воқеъ буда, соли гузашта бо Тоҷикистон ҳамагӣ дар ҳаҷми каме бештар аз 830 ҳазор доллар муомилоти мол анҷом додааст.

«Боиси таассуф аст, ки табодули тиҷоратӣ байни ду кишвари дӯст ҷавобгӯи хостаҳои ду ҷониб набуда, мо бояд аз имконоту фурсатҳои мавҷудаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ ба таври самаранок истифода барем», – иброз дошт Акрамшо Фелалиев имрӯз зимни вохӯрӣ бо Абдуҷалил Саубри, сафири Подшоҳии Марокаш дар Тоҷикистон.

Муовини раиси парлумон зарурати истифодаи имконоти мавҷуда барои густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корхои хориҷии ду кишварро зикр намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин  масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвари дӯст, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳангро низ баррасӣ карданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Марокаш 829,4 ҳазор долларро ташкил дода, имсол ҷонибҳо алҳол байни ҳамдигар муомилоти моли анҷом надодаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...