Барои вуруди нақлиёт аз Ӯзбекистон суғуртаи ҳатмӣ ҷорӣ шуд

Вуруди востаҳои нақлиёт аз Ӯзбекистон ба қаламрави Тоҷикистон аз ҳафтаи гузашта танҳо бо доштани полиси суғурта сурат мегирад. Аввали моҳи май ҳукумати Тоҷикистон дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст. «Бар пояи қарори санаи 4 май қабулшудаи ҳукумати ҷумҳурӣ, аз 12 майи соли ҷорӣ вуруди воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, дигар мошинҳои худрав ва механизмҳо аз Ӯзбекистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вуруди востаҳои нақлиёт аз Ӯзбекистон ба қаламрави Тоҷикистон аз ҳафтаи гузашта танҳо бо доштани полиси суғурта сурат мегирад. Аввали моҳи май ҳукумати Тоҷикистон дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст.

«Бар пояи қарори санаи 4 май қабулшудаи ҳукумати ҷумҳурӣ, аз 12 майи соли ҷорӣ вуруди воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, дигар мошинҳои худрав ва механизмҳо аз Ӯзбекистон ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон тариқи полиси суғурта амалӣ мешавад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» роҳбари шуъбаи кадрҳо ва иттилооти КВД «Тоҷиксуғурта» Аломуддин Алиев.

Масалан, ба гуфтаи ӯ, маблағи суғурта барои ронандагони автомашинаҳои сабукрав 461,25 сомонӣ (наздики 52 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Алиев изҳор дошт, ки боҷҳои суғуртавӣ барои вуруди автомашинаҳои боркаш аз Ӯзбекистон – дар ҳаҷми 768,75 сомонӣ, автобусҳо – 615 сомонӣ, микроавтобусҳо – 553,50 сомонӣ, трактор, комбайн ва дигар мошинҳои худраву механизмҳо – 307,50 сомонӣ ва дучархаҳо – 215,25 сомонӣ муқаррар шудааст. Муҳлати амали полиси суғуртавӣ 1 моҳро ташкил медиҳад.

Намояндаи «Тоҷиксуғурта» зикр кард, ки меъёрҳои маблағи аз ҷониби Тоҷикистон муқарраршуда барои полиси суғурта қариб дар як сатҳ бо меъёрҳои муқарраршудаи Ӯзбекистон барои вуруди воситаҳои нақлиёт аз Тоҷикистон ба қаламрави Ӯзбекистон қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.