Талоши муштараки кишварҳои узви СҲШ баҳри рушди бахши сайёҳӣ

Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии «Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви СҲШ барои давраи солҳои 2019-2020» дар Чин мувофиқа шуд.   Аз 7-ум то 11-уми майи соли 2018 дар шаҳри Ухани музофоти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии […]

Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии «Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви СҲШ барои давраи солҳои 2019-2020» дар Чин мувофиқа шуд.  

Аз 7-ум то 11-уми майи соли 2018 дар шаҳри Ухани музофоти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Абдуғаффорзода иштирок кард.

Дар ҷаласаҳои корӣ лоиҳаи “Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  барои давраи солҳои 2019-2020” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи Нақшаи мазкур масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмон, ҳамкориҳо дар самти татбиқи барномаҳои сайёҳӣ, ҳамкориҳо дар самти беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ, ҳамкориҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи сайёҳон ва суғуртаи онҳо ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳиро фарогир буда, он аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви СҲШ маъқул дониста шуд.

Татбиқи босамари Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии “Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви СҲШ барои давраи солҳои 2019-2020” барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар доираи Созмон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.