Ҷарима аз 12500 то 15000 сомонӣ барои иштирок дар пойгаҳои автомобилӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои аз ҷониби ҳарду палатаҳои парлумон тасдиқшударо ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонун “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳҳоро муайян намуда, идоракуниии давлатии ҳаракат дар роҳ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои аз ҷониби ҳарду палатаҳои парлумон тасдиқшударо ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонун “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳҳоро муайян намуда, идоракуниии давлатии ҳаракат дар роҳ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро танзим намуда, таснифи роҳҳои автомобилгард ва воситаҳои нақлиётро муқаррар менамояд. Ҳамзамон ба чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ диққати махсус дода мешавад.

Мувофиқи тағйиротҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои ташкил ва иштирок дар пойгаҳои ғайрирасмӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.

«Минбаъд нисбати шахсоне, ки пойгаҳои ғайрирасмиро ташкил мекунанд, ё дар ин пойгаҳо воситаҳои нақлиётро идора мекунанд ва ё воситаҳои нақлиёташонро ба дигар шаҳсон барои иштирок дар пойгаи ғайрирасмӣ медиҳанд, ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз 12 ҳазору 500 то 15 ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад», – омадааст дар маълумоти хадамоти матбуоти президент.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ин шахс аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати ду сол маҳрум карда мешавад. Агар шахс ин кирдорро такроран содир намояд андозаи ҷарима 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи тағйироти дигаре, ки ба ин Кодекс ворид карда шудааст, барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дар тағйиротҳо ба қонунҳо “Дар бораи Қушунҳои дохилии вазорати корҳои дохилии ҶТ”, “Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ” ва “Дар бораи Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ”, аз мансаб озод намудани кормандони ин мақомотро барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, қисми 6 моддаи 10 ин  конун, ки ҳиссаҷудокуниро барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пешбинӣ мекард, хориҷ карда шуда, имконияти ба ин муассисаҳои таълимӣ дохил шудани ятимону бепарасторон ва маъюбонро васеъ гардонид.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии ҶТ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо “Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ”, “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”-ро низ ба имзо расонид.

Зимнан зикр мегардад, ки матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.