Дар ҳалли мушкилоти худ Тоҷикистон ба шарикони рушд такя мекунад

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва аъзои кумитаи мазкур бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот кард. Бино ба иттилои дафтаи матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи […]

Дафтари матбуоти МН МО ҶТ

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва аъзои кумитаи мазкур бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтаи матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоту идораҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла  хазинаи мазкур дар татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво бештар ба масъалаҳои гуногуни вазъи ҷаҳони муосир, нақшаю дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Шариф Раҳимзода ба намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кӯмак ва мусоидати холисонаашон дар рушди иқтисодии мамлакат, алалхусус дар солҳои баъди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷонибаашон дар раванди иҷрои барномаҳои гуногуни иқтисодӣ арзи сипосу қадрдонӣ кард.

«Мо мулоқоти имрӯзаро,-таъкид намуд Шариф Раҳимзода,- идомаи мантиқии таҳкими ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ва омили вусъатбахши дигаргунсозиҳои иқтисодии кишвари худ меҳисобем.

Шариф Раҳимзода ҳамчунин аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи паст кардани шиддати таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд бо роҳи дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд.

Ҳамчунин дар мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи олӣ робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи навро касб менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.