Эҳтимоли ҷоришавии «сахттарин таҳримҳои таърихӣ»-и ИМА нисбати Эрон

Date:

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфтааст, Вашингтон фишори молии Теҳронро бештар ва "сахттарин таҳримҳои таърихӣ"-ро ҷорӣ мекунад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Помпео изҳор доштааст, ки «ИМА фишорҳои молии бесобиқаро нисбати режими Эрон амалӣ мекунад ва роҳбарон нисбати ҷиддӣ будани тасмими мо шубҳа нахоҳанд дошт».

Ба гуфтаи вай, "агар режими Эрон сиёсаташро тағйир надиҳад, зарбаи таҳримҳо хеле сахт хоҳад буд".

Вай талабҳои ИМА-ро аз Эрон бори дигар такрор кардааст, ки миёни онҳо даст кашидан аз сохтани мушакҳои болдори байниқоравӣ ва берун овардани артиш аз Сурия ҳастанд.

Рӯзи 10 май Вашингтон таҳримҳои зидди Эронро густариш дод. Шаш шаҳрванд ва се ширкати эронӣ шомили рӯйхати таҳримҳои нав шуданд.

Қобили зикр аст, ки Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 8 май эълон кард, ки кишвараш аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...