Посухгӯии муассиси шабакаи Фейсбук дар парлумони Аврупо

Муассиси ширкати Facebook Марк Зукерберг рӯзи сешанбе дар порлумони Аврупо суханронӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин суҳбати ӯ бо вакилони аврупоӣ ба масаъалаи ифшои маълумоти шахсии корбарони Фейсбук ба воситаи ширкати Cambridge Analytica бахшида шуд. Ин ширкат авлавиятҳои раъйдиҳандагонро омӯхта, аз он дар маъракаҳои пешазинтихоботии ИМА дар соли 2016 истифода […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Муассиси ширкати Facebook Марк Зукерберг рӯзи сешанбе дар порлумони Аврупо суханронӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин суҳбати ӯ бо вакилони аврупоӣ ба масаъалаи ифшои маълумоти шахсии корбарони Фейсбук ба воситаи ширкати Cambridge Analytica бахшида шуд. Ин ширкат авлавиятҳои раъйдиҳандагонро омӯхта, аз он дар маъракаҳои пешазинтихоботии ИМА дар соли 2016 истифода кард.

Аз Зукерберг дар бораи монополияи Фейсбук дар бозори шабакаҳои иҷтимоӣ, мутобиқати қонунгузории Амрикову Аврупо дар бахши ҳифзи маълумоти шахсӣ, озодии баён ва масъулияти соҳиби шабакаи иҷтимоӣ барои сӯистифодаи як корбар зидди корбари дигар пурсида шуд.

Зукерберг пештар дар назди вакилони Конгресси Амрико дар Вашингтон суханронӣ карда буд. Ӯ ба вакилони аврупоӣ низ гуфт, ширкати вай дар бахши амнияти иттилои шахсии корбарон кӯтоҳӣ кард ва ҳоло тимаш бо ҳалли ин мушкил машғул аст.

Рӯзи сешанбе, дар пешорӯи суханронии Зукерберг дар порлумони Аврупо поинравии арзиши саҳмияҳои ширкати Фейсбук мушоҳида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст