Тасдиқи як қатор санадҳои ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар парлумон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 4 санади ҳамкорӣ бо Ӯзбекистонро, ки рӯзи 9 марти соли равон ҳукуматҳои кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатҳи олӣ ба имзо расидонида буданд, тасдиқ намуд. Аз ҷумла, Созишнома дар бораи алоқаи байнулмилалии автомобилӣ ва алоқаи ҳавоӣ маъқул шуморида шуд. Зикр гардид, ки бар асоси талаботи ин санадҳо байни ду кишвари […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 4 санади ҳамкорӣ бо Ӯзбекистонро, ки рӯзи 9 марти соли равон ҳукуматҳои кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатҳи олӣ ба имзо расидонида буданд, тасдиқ намуд.

Аз ҷумла, Созишнома дар бораи алоқаи байнулмилалии автомобилӣ ва алоқаи ҳавоӣ маъқул шуморида шуд. Зикр гардид, ки бар асоси талаботи ин санадҳо байни ду кишвари ҳамсоя аллакай алоқаи нақлиётӣ ва ҳавоӣ амал мекунад.

Ғайр аз ин, вакилони парлумон Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикиситону Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро қабул карданд.

Ҳамчунин Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996 низ тасдиқ шуд.

Қаблан парлумони Тоҷикистон созишномаҳо байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, даст кашидан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя, созишнома дар бораи фаъолияти намояндагони мақомоти сарҳадбониро маъқул шуморида буд. Ин санадҳо ҳам аввали моҳи март ба имзо расида буданд.

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон ҳамчунин аз Созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» — (ЛДКҶ) ва Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷонибдорӣ намуданд.

Ғайр аз ин, вакилони парлумон лоиҳаҳои қонунҳоро дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва Кодексҳои гумрук ва андоз дастгирӣ карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио