Дар вилояти Суғд ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, ҳукумати ин минтақа тасмим гирифтааст, ки ба 7600 оила, шахсони яккаву танҳо ва маъюбон кӯмакҳои моддӣ расонад.
Гуфта мешавад, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ – 475, Ашт – 572, Бобоҷон Ғафуров – 925, Бӯстон – 66, Гулистон – 138, Деваштич – 631, Зафаробод – 257, Истаравшан – 908, Исфара – 552, Истиқлол – 25, Конибодом – 594, Куҳистони Мастчоҳ – 87, Мастчоҳ – 400, Панҷакент – 920, Спитамен – 206, Хуҷанд – 473, Ҷаббор Расулов – 276 ва Шаҳристон – 95 оила ва шахсони ниёзманд аёдат карда шуда, ба он кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, расонида мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нақшаи аёдати оилаҳои камбизоат ва шахсони низёманд тасдиқ гардида, тақсимоти кӯмакҳои моддӣ дар шаҳру ноҳия идома дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


