Дастури раиси пойтахт оид ба таҳқиқи сӯхтор дар бозори «Султони Кабир»

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки сабабҳои сӯхтори рӯзи 2 июн дар бозори «Султони Кабир» рухдода муайян ва ба осебдидагон кумак расонида шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, санаи 2 июни соли 2018, соати 20:30 дақиқа дар  ҳудуди ҶДММ "Султони Кабир", воқеъ дар кӯчаи Абай 1,  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки сабабҳои сӯхтори рӯзи 2 июн дар бозори «Султони Кабир» рухдода муайян ва ба осебдидагон кумак расонида шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, санаи 2 июни соли 2018, соати 20:30 дақиқа дар  ҳудуди ҶДММ "Султони Кабир", воқеъ дар кӯчаи Абай 1,  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

Сӯхтор дар табақаи якуми бинои 6 – ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд. Оташ дар соати 00:15 бо пуррагӣ хомӯш гардида, пеши роҳи паҳншавии аланга ба дигар қисматҳои бино гирифта шуд.

Гуфта мешавад, бар асари ҳодисаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=JZi9rObSE8I

Барои хомӯш кардани сӯхтор қувваҳои Гарнизони хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута сафарбар гардиданд.

Субҳи 3 июни соли 2018 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ниҳодҳои марбутаи  пойтахт бо роҳбарияти Маркази савдои "Султони Кабир" ва соҳибкорони бозори мазкур, ки бар асари ҳодисаи фавқулода зарар дидаанд, мулоқот намуданд.

Барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор ва зарари он аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ ташкил шуда, гурӯҳи мазкур вазифадор гардид, ки сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари ба амаломадаро пурра муайян намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".