Пултамаъкунии милитсионерҳои тоҷик аз сайёҳони хориҷӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи бо сайёҳӣ Руминия рухдодаро, ки кормандони БДА-и Тоҷикистон аз ӯ пул тамаъ мекунанд, мавриди омӯзиш қарор дод. Далели порагирӣ дар видео сабт шудааст. Ҳодиса бо сайёҳ аз Руминия Михай Сика рух дода, ӯ дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот нашр кард. Моҳи июли соли гузашта Михай Сика ва дӯсти […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи бо сайёҳӣ Руминия рухдодаро, ки кормандони БДА-и Тоҷикистон аз ӯ пул тамаъ мекунанд, мавриди омӯзиш қарор дод. Далели порагирӣ дар видео сабт шудааст.

Ҳодиса бо сайёҳ аз Руминия Михай Сика рух дода, ӯ дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот нашр кард.

Моҳи июли соли гузашта Михай Сика ва дӯсти ӯ ба Помир сафар карда, зимни бозгашт ба Душанбе санаи 28 июл дар даромадгоҳ ба шаҳри Кӯлоб онҳоро кормандони БДА боздошт мекунанд.

Ҷараёни ҳодиса дар видеои аз ҷониби сайёҳи Руминия наворбардоришуда намоиш дода мешавад. Дида мешавад, ки нозири БДА калимае ҳам ба забони англисӣ нагуфта, бо ишора мефаҳмонад, ки меҳмонон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд.

Бино ба гуфтаи сайёҳ, корманди милитсия аз онҳо 500 сомонӣ талаб карда, вале баъд ба 200 сомонӣ розӣ шудаанд. Михай пулро ба курсии нишастгоҳи милитсионер мегузорад.

Дар навори видео дида мешавад, ки сайёҳ пулро ба корманди БДА медиҳад.

https://www.youtube.com/watch?v=wv8xo4rKBNM

Айни замон ин ҳодиса мавриди тафтиши ВКД Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ба гуфтаи котиби матбуотии Вазорат Умарҷони Эмомалӣ, шоми дирӯз баъди дар шабака гузошта шудани навор, тафтиши дохилӣ оғоз гардидааст.

Тибқи маълумоти номбурда, агар гуноҳи кормандони милитсия исбот шавад, онҳо аз кор озод ва нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз мегардад.

Қобили зикр аст, ки он замон  сайёҳони Руминия бо дучарха (мотосикл)-ҳо муддати 50 рӯз қаламрави 5 кишварро гузашта, 25 ҳазор километр масофаро тай намуданд. Дар Тоҷикистон онҳо 5 рӯз ҳузур дошта, бо роҳҳои душворгузар ҳаракат карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".