Умедвории роҳбари Кумитаи иҷроияи ИДМ ба боқӣ мондани Украина дар ҳайати Иттиҳод

Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев аз ҳузур надоштани намояндаи Украина дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳод дар Душанбе изҳори таассуф кард. Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Лебедев ба журналистон иттилоъ дод, ки дар кори ҷаласа сарвазирони шаш кишвари узви Иттиҳод ва муовинони сарвазирони чор давлат ширкат варзиданд. Ӯ бо изҳори тассуф, […]

Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев аз ҳузур надоштани намояндаи Украина дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳод дар Душанбе изҳори таассуф кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Лебедев ба журналистон иттилоъ дод, ки дар кори ҷаласа сарвазирони шаш кишвари узви Иттиҳод ва муовинони сарвазирони чор давлат ширкат варзиданд. Ӯ бо изҳори тассуф, ҳузур надоштани намояндаи Украинаро қайд намуд.

Ба гуфтаи Лебедев, то имрӯз аз ҷониби Украина ҷиҳати хориҷ шудан аз ҳайати Иттиҳод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ огоҳиномаи расмӣ нарасидааст.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Украина дар ҳайати ИДМ боқӣ мемонад, зеро ба андешаи ӯ, «ин пеш аз ҳама, ҷавобгӯи манфиатҳои худи Украина аст».

Дар брифинг аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки чорабинӣ дар фазои созанда сурат гирифта, иштирокдорони он ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ӯ бар ин назар аст, ки ҷаласаи дар Душанбе доиргардида ба ҷараёни ҳамкорӣ байни кишварҳои узви Иттиҳод такони тоза хоҳад бахшид.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе изҳороти муштараки иштирокдорони он ба имзо расид.

Сергей Лебедев ҳамчунин ба журналистон хабар дод, ки рӯзҳои 27-28 сентябри соли равон дар Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳод баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".