Густариши ҳамкориҳои БАТР бо низоми бонкии Тоҷикистон

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) соли ҷорӣ дар соҳаҳои низоми бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон 7 лоиҳаро татбиқ мекунад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нукта зимни вохӯрии муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн садо дод. Дар ҷараёни мулоқот қайд шуд, ки ояндаи […]

Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) соли ҷорӣ дар соҳаҳои низоми бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон 7 лоиҳаро татбиқ мекунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нукта зимни вохӯрии муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн садо дод.

Дар ҷараёни мулоқот қайд шуд, ки ояндаи наздик барои ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон самтҳои афзалиятнок аз ҷониби БАТР муайян шудаанд, аз ҷумла дар самти дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва сиёсати коммуникатсионӣ, ки ба ҳадафгирии таваррум бевосита рабт дорад ва таъмини гарав ба молу мулки манқул дар асоси тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ мебошанд.

Нил Маккейн инчунин дар мавриди саривақт амалӣ намудани пардохтҳо аз рӯи лоиҳаҳои мавҷуда сухан карда, баҳри тавсеа ёфтани ҳамкориҳо дар самтҳои нав изҳори омодагӣ кард.

Дар навбати худ Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкии кишвар, бахусус дар самти таҳким бахшидани назорати ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани масъулияти Шӯрои нозирон, бартариятҳои низоми ягонаи пардохт, баҳодиҳии сифати дороиҳои низоми бонкии мамлакат даъват намуд.

Қобили зикр аст, ки БАТР бо ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ҳамкориҳои зич дошта, ба 10,7% – саҳмияҳои «Бонки Эсхата», 12% – «Агроинвестбонк», 13,7% – «Аксесбонк Тоҷикистон» ва 12,5% – саҳмияҳои «Имон Интернешнл» молик аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.