Ташрифи президенти Покистон ва сарвазири Афғонистон ба Душанбе

Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн рӯзи 19 июн ва рӯзи дигар, 20 июн сарвазири Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад. Дар ҷараёни дидору гуфтушунидҳои онҳо бо раҳбарияти олии Тоҷикистон баррасии масоили суръат бахшидан ба амалисозии лоиҳаи CASA – 1000, ки аҳаммияти минтақавӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн рӯзи 19 июн ва рӯзи дигар, 20 июн сарвазири Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни дидору гуфтушунидҳои онҳо бо раҳбарияти олии Тоҷикистон баррасии масоили суръат бахшидан ба амалисозии лоиҳаи CASA – 1000, ки аҳаммияти минтақавӣ дорад, дар назар аст.

Ҳамчунин атрофи масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, муборизаи муштарак алайҳи зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории фаромарзӣ ва ғайра табодули назар сурат гирифта, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон яке аз масъалаҳои муҳим хоҳад буд.

Ғайр аз ин, Мамнун Ҳусейн ва Абдулло Абдулло дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки рӯзҳои 20-22 июн дар Душанбе баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки барои иштирок дар кори конфронси мазкур аллакай 65 ҳайати расмӣ сабт шудаанд. Дар он аз иштироки сарони кишвар ва ҳукуматҳои чор кишвар – Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва Ҷибути, вазирон ва муовинони вазирон аз 35 давлат, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони беш аз 40 созмонҳои байнулмилалӣ интизорӣ меравад. Ҳайати СММ-ро муовинони Дабири кулли Созмон роҳбарӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар кори конфронси Душанбе ба сурати умум то 1500 нафар ширкат хоҳанд варзид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.