Вазири амнияти Туркманистон аз мансаб сабукдӯш шуд

Вазири амнияти Туркманистон Давронкелдӣ Байрамов 13 июн дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар аз мақом барканор шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба гузориши телевизионҳои давлатии Туркманистон, Байрамовро барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми ифои вазифа" барканор карда, рутбаашро низ аз полковник ба майор поин бурдаанд. Гуфта мешавад, Яйлим […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазири амнияти Туркманистон Давронкелдӣ Байрамов 13 июн дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар аз мақом барканор шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба гузориши телевизионҳои давлатии Туркманистон, Байрамовро барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми ифои вазифа" барканор карда, рутбаашро низ аз полковник ба майор поин бурдаанд.

Гуфта мешавад, Яйлим Бердиев, ки то ин замон вазири дифои Туркманистон буд, вазири амнияти ин кишвар таъйин гашт.

Ёдрас мешавад, ки Байрамов 30 май барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми интихоби кадрҳо" аз президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов танбеҳи сахт гирифта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.