Идомаи гуфтушунидҳои марзии Душанбе ва Бишкек

Марҳилаи нави гуфтушунидҳо оид ба масоили марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи муовинони нахуствазирони кишварҳо санаи 20 июн дар Душанбе доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Муовинони нахуствазирони Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жениш Раззоқов масъалаҳои суръат бахшиданро ба ҷараёни таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии ҳарду […]

Asia-Plus

Марҳилаи нави гуфтушунидҳо оид ба масоили марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи муовинони нахуствазирони кишварҳо санаи 20 июн дар Душанбе доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Муовинони нахуствазирони Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жениш Раззоқов масъалаҳои суръат бахшиданро ба ҷараёни таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии ҳарду кишвар баррасӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Чин санаи 9 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барои ҳарчи зудтар ҳаллу фасл кардани масоили марбут ба сарҳадӣ давлатӣ, пешниҳод намуданд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи манъи баргузории фаъолияти хоҷагидорӣ дар хатти сарҳади давлатӣ то анҷоми марҳилаи муайян ва таксими хатти сарҳад ба имзо расад.

Он замон сарони кишварҳо қайд карданд, ки барои ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба гузаргоҳи «Қарамиқ» додани мақоми байнулмилалӣ зарур аст.

Муовини нахуствазири Қирғизистон Жениш Раззоқов ҳамчунин дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки рӯзҳои 20-22 июн дар Душанбе баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.